«Оилаи ман- рӯзгори хушу осудаи ман»-озмун
Кӯлоб,05.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кӯлоб оид ба Соли оила ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кўдакон» дар Ҷумҳурии Точикистон озмуни расми беҳтарин ва иншои беҳтарин дар мавзўи «Оилаи ман- рӯзгори хушу осудаи ман» миёни наврасону ҷавонони то синни 18 баргузор гардид.
Ҳадафи роҳандозӣ намудани чунин озмунҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба ҳифзи кўдакон, наврасон, ҷавонон ва ҳуқуқи фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва мутаҳиддии насли ҷавон мебошад.