Ғолиби озмуни «Муфаттиши сол» муайян гардид
Хуҷанд, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Вазорати корҳои дохилӣ ҳамасола бо мақсади муайян намудани беҳтарин кормандони бахшҳои фаврию тафтишотӣ, бозрасию тартиботи ҷамъиятӣ озмунҳои соҳавии хизматиро дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор менамояд. Комиссияи озмунии «Беҳтарин муфаттиш дар соли 2015» баъди омӯзиши ҳамаҷониба, таҳлил ва натиҷабардорӣ аз фаъолияти яксола ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муфаттиши сол»-ро муайян намуд. Аз ҳамаи номзадҳое, ки барои соҳиб шудан ба зинаи ифтихорӣ пешниҳод гардида буданд, муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров, майори милитсия Диловар Ғоибов ғолиби озмун дониста шуд.
Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат аз номи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ғолиби озмунро беҳтарин муфаттиш дар соли 2015 эълон кард.