Омӯзиши фаъолияти шуъбаю бахшҳо
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 16 феврал сафари гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, омӯзиши пурраи фаъолияти онҳо ва расонидани кумаки амалию методӣ ба шуъбаю бахшҳои зертобеъ оғоз ёфт. Тибқи нақша фаъолияти шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар 10 шаҳру ноҳия омӯхта мешавад.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ кормандони ботаҷриба ва собиқадори раёсат дохил шудаанд. То имрӯз гурӯҳ дар шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров санҷиш гузаронида, дар баробари пешравиҳо камбудиҳоро ҳам ошкор намуд. Барои ислоҳи онҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳо дода шуданд.