Ҷоми КФО: “Алфайсалӣ” ба Душанбе меояд
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Барои баргузор кардани аввалин бозӣ дар гурӯҳи “Б” -и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе клуби футболи “Алфайсалӣ”-и Урдун ба Душанбе меояд. Аз ин хотир сомонаи мо муаррифиномаи ин дастаро барои Шумо пешкаш мекунад.
Клуби футболи “Алфайсалӣ”-и Урдун ҳанӯз соли 1932 таъсис ёфта, бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи Малик Муҳаммади пойтахти Урдун -шаҳри Уммон баргузор менамояд. Даста аз соли 1944 сар карда, дар Премйер-Лигаи Урдун ҳунарнамоӣ мекунад. Алфайсалиро бо лақабҳои “Пешво”, “Генерал”, ¬“Ғолибони Сабзпӯш”, “Уқобони кабуд” ва “Шайхи клубҳои Урдун” ном мебаранд. Ин даста 32 маротиба унвони чемпионии Премйер-лигаро ба даст овардааст, ки охиринаш ба соли 2012 рост меояд. Дар бозиҳои Ҷоми Малики Урдун ҳам ҳунарнамоииаш чашмрас аст. 18 бор соҳиби Ҷом гардида, маротибаи охир ба ин Ҷоиза соли гузашта шарафёб шудааст. 15 маротибаи дигар футболбозони “Алфайсалӣ” суперҷоми кишварашонро соҳиб шудаанд. Соли 2005 ва 2006 пайдарҳам ду маротиба барандаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, соли 2007 чемпиони кишварҳои Араб, соли 1996 ва 2000 соҳиби Ҷоми чемпионҳои мамлакатҳои Араб гардидаанд.
Алфайсалӣ дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳои Осиё соли 2002-2003, дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 5 маротиба ва Ҷоми Иттиҳоди КФО ду маротибаи дигар иштирок кардааст.
Дар мусобиқоти Урдун рақиби асосии “Алфайсалӣ” -“Алваҳдот”-и пойтахти ин кишвар мебошад. Тавозуни вохӯриҳои ин дастаҳо дар маҷмӯъ ба нафъи “Алфайсалӣ” бо натиҷаи 47 ғалаба бар 46-то аст.
Президенти клуб Шайх Султон Удвон ва мураббиаш Ротиб Авдот мебошанд. Ротиб Авдот солҳои тӯлонӣ дар ҳайати ин даста бозӣ карда, дар ҳайати тими мунтахаби Урдун ҳам ширкат намудааст.
Дар ҳайати даста футболбозон аз Сурия, Ироқ Миср, Замбия, Руминия, Нигерия ва Фаластин ҳунарнамоӣ кардаанд.
“Алфайсалӣ” имрӯз бозии худро дар даври 14-уми Премйер -Лига бо тими “Ассалоҳ” баргузор менамояд. Аз ин пештар “Алфайсалӣ” дар ду бозӣ бо “Алаҳлӣ” бо натиҷаи 0 бар 1 ва 1 бар 2 ба мағлубият дучор шуд ва бозии дигарашро бо “Рамтҳа” мусовӣ (0:0) ҷамъабст кард. Даста бо 24 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Алваҳдот” ва “Шабоб Ал-Урдун” аз ин даста пеш меистанд.








Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад






