Омодагӣ ба ҷашни 25- солагии Истиқлолият дар Нуробод
Нуробод, 10.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 9-уми январи соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии ноҳияи Нуробод бо иштироки беш аз 600 сокин ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Нуробод дар шоҳроҳи Душанбе- Ҷиргатол аз деҳаи Лаби ҷар то деҳаи Сари қоши ҳудуди ноҳия, ҳашари калон баргузор гардид. Дар ҳашар сокинон ду паҳлӯи роҳро аз партову сангу шағалҳо тоза намуда, дарахтонро ба тартиб дароварданд.
Тибқи иттилои сармеъмори ноҳия Маҳмадроиб Шоев дар ҳудуди ноҳия бахшида ба ҷашни Истиқлолият сохтмони 23 иншооти ҷашнӣ идома дорад ва тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Нуробод онҳо то ҷашн ба истифода дода мешаванд.