Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҷашни Наврӯз аз ҷониби СММ ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ пазируфта шуд ва аксари давлатҳои ҷаҳон ин ҷашни ориёиро ҳамасола таҷлил менамоянд. Дар Филармонияи халқии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Ҳамадонӣ ҳоло ҳунармандон саргарми коранд ва барномаи наврӯзиро бештар бо оҳангҳои халқӣ зери садои асбобҳои миллӣ мукаммал месозанд. Дар ин макони фарҳангӣ дар ҳар як ҷашни миллию давлатӣ барои ҳунармандон либосҳо омода шудаанд.
Дар барномаи наврӯзии имсола барои иштирокдорон беш аз 500 ҷуфт либоси чакан ва атласу адрас пешбинӣ шудааст, ки миқдори зиёди он дар филармонияи халқӣ мавҷуданд. Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҳунармандони хушсалиқаи худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст ва ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи баланд бо иштироки доираи васеи ҳунармандон ва ҳаваскорон мегузаронад.