Омодагӣ ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» дар Б. Ғафуров
Б. Ғафуров, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» омодагӣ дида, барои тарроҳон ва ороишгарони либосҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машварати мазкур мақсад, шартҳои асосӣ ва тартиби баргузории Фестивали «Ҷилваи ҳусн» аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Дилбар Бобоева фаҳмонида, дастур дода шуд, ки тарроҳон дар пешниҳоди либос ба мақому нақши либоси миллӣ, сифати матоъ, густариши санъати чакандӯзию алочабофӣ ва адрасбофӣ аҳамияти хосса диҳанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда даври якуми баргузории фестивали «Ҷилваи ҳусн» дар ноҳия моҳи март баргузор мешавад.