Пешниҳоди орд бо нархи арзон барои сокинони Рашт
Рашт, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои зимистонгузаронӣ ва нисбатан аз нархи бозор арзонтар дастрас намудани орд барои сокинони водии Рашт ҳоло 1000 тона орд ва 2000 ҳазор тонна гандум захира дорад. Корхонаи мазкур соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст ва дар соли 2015- 5000 тонна гандумро коркард намудааст.
Корхона дар ҷамоати деҳоти Сағирдашту маркази ноҳияи Тавилдара ва Нурободу Тоҷикободу Ҷиргатол нуқтаҳои фурӯш дорад, ки сари вақт ордро бо нархи нисбатан арзон ба мардум дастрас менамояд. Инчунин маводи хӯрокӣ, аз қабили шакар, равған ва биринҷро ворид намуда, ба мардум пешниҳод менамояд.