Рашт: Ҳамоиш доир ба «Пурзӯр намудани фаъолияти шӯроҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ»
Рашт, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-10-уми феврал дар бинои фарҳанги ноҳияи Рашт бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи «Пурзӯр намудани фаъолияти шӯроҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини аввали раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрориён, муовини раиси Шӯрои мазкур Меҳмон Бахтӣ, устоди ДМТ Илҳомҷон Ҳомидов, раисони ноҳияҳои водии Рашт, раиси шаҳри Роғун ва фаъолону ҷовонону собиқадорони ин ноҳияҳо иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки сулҳу субботе, ки дар натиҷаи имзо шудани созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузургу муқаддаси миллати мо мебошад. Бо дарки ин масъулияти бузург бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории оромию осоиштагӣ, ободӣ ва пурқувват гардидани давлати тоҷикон намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, эҷодию касбӣ, илмию динию фарҳангӣ муттаҳид шуда, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ташкил намуданд.