Роҳандозии маҳфили тарбиявӣ-ватандўстӣ дар Норак
Норак, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Масаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи «Дўстии халқҳо»- шаҳри Норак бо иштироки намояндагони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, комиссариати ҳарбӣ, омўзгорону хонандагон маҳфили тарбиявӣ-ватандўстӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 доир ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, дар васфи Ватан-Модар ва Тоҷикистон шеърҳои дилнишин қироат намуданд.