Роғун: Чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки Паёми Сарвари давлат
Роғун, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 200 шаҳрванд доир ба самтҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Раиси дастгоҳи шаҳр Роҳатшо Исроилов паёмро қироат намуд ва раиси шаҳр Шариф Шарифзода доир ба тарбияи ҷавонон ва шомил нагардидани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, корҳои ободониву созандагӣ дар маҳалҳо, истифодаи самараноки замин, ривоҷ додани соҳибкорӣ ва иҷрои конунҳои мавҷуда бо иштироккунандагон суҳбат намуда, ба аҳли нишаст дар бораи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2015 ва вазифагузорӣ дар соли 2016 маълумот дод.
Дар вохӯрӣ собиқадорони меҳнат ва фаъолон нисбат ба муҳтавои Паём ва иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ибрози андеша намуданд.