Рушди соҳаи кишоварзӣ дар Шаҳринав
Шаҳринав,10.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо зиёд гардидани масоҳати боғу токзор истеҳсоли мева афзун ва содироти он бештар гардид,- иброз дошт муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Фатҳулло Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. Дар соли 2015 ба хориҷи кишвар зиёда аз 6,5 ҳазор тонна пиёз, 250 тонна гелос, 160 тонна олу, 180 тонна хурмо, 1 ҳазору 800 тонна ангур ва 16 тонна лиму содирот шуд. Дар соли сипаригардида дар масоҳати 181 гектар боғҳои нав бунёд шуданд, ки аз нақша зиёд аст.
Саршумори мурғ дар ҳама намудҳои хоҷагидорӣ 102 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 36,7 ҳазор сар афзоиш ёфтааст. Занбӯри асал дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 3 ҳазору 269 оиларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 57 оила зиёд аст. Истеҳсоли асал ба 25, 2 тонна расид, ки 101 фоизро ташкил медиҳад. Кишоварзон барои бештар истеҳсол кардани шир, гӯшт, тухм ва моҳӣ саъю кӯшиши бештар доранд.