Санҷиши ҷараёни муҳоҷирати дохилӣ
Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Аз 7 феврали соли равон гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иборат аз мутахассисони бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафари корӣ оғоз карданд. Дар навбати аввал гурӯҳ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.
Мақсади сафарҳои корӣ санҷиши ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” мебошад.
Мувофиқи қарори мазкур ба ноҳияи Зафаробод аз ноҳияҳои Айнӣ 600, Кӯҳистони Мастчоҳ 220 ва Ғончӣ 161 оила кӯчонида мешаванд.