Шӯрообод: Дар соли 2015 130 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
Шӯрообод, 01.02.2016 (АМИТ«Ховар»).- «Масъалаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза ба муқобили он, махсусан пегирии интиқоли маводи мухаддир дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод буда, сол аз сол назорат дар ин самт пурзӯр мегардад». Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шӯробод Почохон Зарифзода иброз дошт.
Ба гуфтаи номбурда, дар қаламрави ноҳия аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод 130 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 84,6 %-ро ташкил медод. Дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба миқдори 4,667 кг героин, 145,382 кг афюн, 32 кг ҳашиш, 303,384 кг бангдона ва 17 яроқи гуногуни оташфишон мусодира шуд.
Инчунин бо мақсади ҳимояи хати сарҳади давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин давра аз тарафи қисми низомии 2931-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 5,87 кг героин, 163,325 кг бангдона, 39,828 кг афюн, 42,84 кг ҳашиш, 8 яроқи оташфишон бо 15 тирдон ва 629 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира шуд.