Шуғнон: Мактаби нави замонавӣ дар деҳаи Раҳмонобод

Февраль 1, 2016 18:07

Хоруғ, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон мактаби нави замонавии муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон ва асбобу анҷоми хониш мавриди истифода қарор гирифт.
Имрӯз рӯзи нахустини таълим дар ин мактаб буда, фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, ки тайи панҷ моҳ дар вилояти Суғд таҳсилу истироҳат доштанд, дар ин мактаб ба хониш фаро гирифта шуданд. Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, аз даҳ синфхона, утоқи компютерӣ, утоқҳои таҷрибавии фаннӣ ва китобхона иборат аст. Мактаби таҳсилоти миёна 72 толибилмро ба таҳсил фаро гирифта, дар он 26 омӯзгор хонандагонро таълим медиҳанд.
ҶДММ «Бунёд» сохтмони мактабро ба уҳда гирифта, дар муҳлати муайяншуда онро ба истифода дод. Имрӯз сокинони деҳаи Раҳмонобод ва кулли омӯзгорони Шуғнонзамин дар ифтитоҳи мактаб ширкат варзиданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар натиҷаи фаромадани сел дар тобистони соли гузашта қисмати зиёди деҳаи Барсем, Колхозобод ва Бердибекобод зери обанбори сунъӣ монд. Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои осебдидагон хонаҳои нави истиқоматии бо ҳама ҷиҳози рӯзгор муҷаҳҳащ ба истифода дода шуд ва ин деҳа бо талаби сокинон Раҳмонобод номгузорӣ гардид.

Февраль 1, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»