Суғд: беш аз 400 сӯхтор дар соли 2015
Хуҷанд, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Дар соли 2015 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 419 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки зарари моддии он ба 3 млн. 835 ҳазору 956 сомонӣ баробар аст.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, гарчанд шумораи сӯхтор нисбат ба соли 2014 — 62 адад афзудааст, вале маблағи талафот аз сухтор бошад ба маблағи 1 млн. 348 ҳазору 485 сомони ё 1,3 маротиба коҳиш ёфтааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи сӯхторҳо 7 нафар ҳалок гардид, ки як нафараш кӯдаки хурдсол аст.
Аз шумораи умумии сӯхторҳои баамаломада 320 адад ё ин ки 76,3% он дар манзилҳои истиқоматии сокинон ба амал омадааст, ки сабаби асосии он риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, аз қабили беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, истифодаи таҷҳизоти вайронаи гармидиҳии барқӣ, нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ аз ҷониби сокинон мебошад.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ва зерсохторҳои он барои бехатарӣ аз сӯхтор ва эмин нигоҳ доштани молу амвол санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он зиёда аз 466 нуқтаи савдо дар бозорҳо ва марказҳои калони савдо муваққатан боздошта шуда, 89 нуқта ва растаҳои савдо дар мағозаҳо ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳо барҳам дода шуданд.