Суғд: беш аз 400 сӯхтор дар соли 2015

Февраль 2, 2016 17:40

Хуҷанд, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Дар соли 2015 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 419 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки зарари моддии он ба 3 млн. 835 ҳазору 956 сомонӣ баробар аст.

Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, гарчанд шумораи сӯхтор нисбат ба соли 2014 — 62 адад афзудааст, вале  маблағи талафот аз сухтор бошад ба маблағи 1 млн. 348 ҳазору 485 сомони ё 1,3 маротиба коҳиш ёфтааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи сӯхторҳо 7 нафар ҳалок гардид, ки як нафараш  кӯдаки хурдсол аст.

Аз шумораи умумии сӯхторҳои баамаломада 320 адад ё ин ки 76,3% он дар манзилҳои истиқоматии сокинон ба амал омадааст, ки сабаби асосии он  риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, аз қабили беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, истифодаи таҷҳизоти вайронаи гармидиҳии барқӣ, нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ аз ҷониби сокинон мебошад.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ва зерсохторҳои он барои бехатарӣ аз сӯхтор ва эмин нигоҳ доштани молу амвол санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он зиёда аз 466 нуқтаи савдо дар бозорҳо ва марказҳои калони савдо муваққатан боздошта шуда, 89 нуқта ва растаҳои савдо дар мағозаҳо ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳо барҳам дода шуданд.

 

Февраль 2, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»