Суғд: Сафи аъзои бахши вилоятии ҲХДТ ба беш аз 100 ҳазор нафар расид

Февраль 2, 2016 12:09

Хуҷанд, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар вилояти Суғд теъдоди умумии аъзои ташкилоти ибтидоии бахши суғдии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон сол аз сол зиёд мегардад.
Тавре ки зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов баён дошт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ агар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина саъй намудан барои амалинамоии дастуру супоришҳо ва самтҳои муайяннамудаи пешрафти давлат дар Паёми Сарвари давлат бошад, пас паҳлӯи дигар- ин татбиқи барномаҳои давлативу қарорҳои Анҷумани ҳизб, масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ дар қаламрави вилоят ба ҳисоб меравад.
Тибқи натиҷагирӣ дар давоми соли 2015 барои зиёд намудани шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Тӯли соли 2015 теъдоди ташкилоти ибтидоӣ дар вилоят 45 адад зиёд гардида, миқдоран ба 1152 адад расид, шумораи умумии аъзои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ 28 123 нафар зиёд гардида, алъон дар оғози соли 2016 он ба 102 ҳазору .255 нафар баробар гашт, ки аз он 53 579 нафарашро занҳо ва 38 128 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар фаъолияти минбаъдаи худ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд барои қабули босифати аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони соҳибмаърифату ватандӯст, собиқадорони меҳнат кӯшиш менамояд, то сафи ҳизбиёнро боз ҳам пурқувват намояд, зеро имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бавуҷудорандаи сулҳу субот, оромӣ, ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамандешӣ, бунёдкору созанда дар дили сокинони Тоҷикистон мавқеи мустаҳкамро касб намуда, бовари аҳли ҷомеаи кишварамон ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзун мешавад.
Дар ин замина, соли гузашта фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар масъалаи иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ, маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили омӯзиши васеи Паём дар тамоми ташкилоти ибтидоӣ, муасссисаҳову маҳаллаҳо, чорабиниҳои мухталиф дар доираи эълони Соли оила, вохӯриву мулоқот таҳти унвони “Терроризм ва ифротгароӣ”, гузарондани мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва мусоидат ба мушкилоти онҳо, баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва инъикоси сафарҳои расмии Роҳбари давлат бисёр ҳам назаррас буд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки сол аз сол ҳамкории кумиҷроияҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вакилони халқ, соҳибкорону саховатмандон, муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо боз ҳам тақвият ёфта истодааст. Дар ин замина дар масъалаи мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар бобати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат, махсусан кӯдакони маъюб соли гузашта дар доираи иқдоми «Мактаб — даргохи маърифат» 4500 нафар хонанда аз оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони маъюб бо либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш таъмин шуда, 16 562 нафар аёдат гардида, тӯи хонадоршавии 7 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 191 кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Ҳамзамон барои ҳамдастӣ дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ дар назди шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маркази «Ҳифзи ҳуқуқи оила» таъсис дода шудааст.
Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» соли гузашта ба кумитаҳои иҷроия шаҳриву ноҳиявӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ 7981 нафар мурочиат намуданд.
Бояд зикр кард, ки ҳизбиёни вилоят аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро якдилона ҷонибдорӣ намуда, чун рамзи ҳамовозии худ дар хиёбони Исмоили Сомонии маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 15 000 нафар ҷавонони вилоят раҳпаймоӣ гузарониданд.
Кумитаи вилоятии иҷроияи ҲХДТ минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ба роҳ монда, барои татбиқи “Барномаи амали ҲХДТ барои солҳои 2015-2020” ва ҳадафҳои созандаи ҳизби пешбари ҷомеа-ҲХДТ ба роҳ монад, -афзуд дар анҷоми суҳбат Сарфароз Юнусов.

Таҳияи Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ “Ховар”, Суғд

Февраль 2, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»