Таҷлили Рӯзи Артиш дар Тоҷикободу Нуробод
Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба қисми низомии 02011 А — и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол телевизор туҳфа намуд. Инчунин 3 нафар иштирокдори ҶДҶ бо 400 сомонигӣ, ҷавононе, ки ихтиёран аз ноҳия дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмати ҳарбӣ менамоянд, иштирокдорони ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобил бо ҳадяҳои пулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба ифтихори 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир кормандони комисариати ҳарбии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро табрик намуда, комиссари ҳарбии ноҳия Саидвалӣ Ғозиев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Гулрухсор Неъматова, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Қумиддин Бобиев дар мавриди Ватан ва муқаддасоти он ҳарф заданд.