Тарғиби нуктаҳои Паёми Пешвои миллат
Чкалов, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади тарғиби нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар коргоҳу муассисаҳои шаҳри Чкалов бо ҷалби аъзои гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотии маҳаллӣ мулоқоти судманд баргузор мегардад.
Бо ин мақсад дар қисми ҳарбии 01972 ва Госпитали ҳарбии шаҳри Чкалов бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Исобой Усмонов ва аъзои гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии маҳаллӣ мулоқот доир гардид.
Бо шукргузорӣ аз фазои осудаи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдату якдилӣ масъулин оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат сухан гуфта, барои рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2015, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардиданд, ибрози назар намуданд.