Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Чкалов

Февраль 1, 2016 17:30

Чкалов, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 30-юми январ дар назди қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бо иштироки зиёда аз 100  сокини касбу кори гуногун, наврасон ва ҷавонон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр маҷмӯи машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.

Ин тадбир бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва ба ин васила тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар қаламрави вилояти Суғд эълон гардидани  «Соли 2016-соли фарди солим»  роҳандозӣ гардид.

Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов баргузории машғулиятҳои варзишӣ ҳар ҳафта субҳи рӯзи шанбе дар шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

 

Февраль 1, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»