Тавилдара: андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ зиёда аз 100% иҷро гардид
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Чанде пеш дар ноҳияи Тавилдара бинои Нозироти андоз аз ҳисоби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Кормандони Нозироти андози ноҳия дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани фарҳанги андозбандию андозсупорӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо соҳибкорон дуруст ба роҳ монданд, ки дар натиҷа иҷрои андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар моҳи январи соли равон 275 ҳазору 686 сомониро ташкил дод, яъне нақша 103,8 фоиз иҷро гардид.