Қурғонтеппа: Ташкили машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ситод оид ба ҳолатҳи фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Қурғонтеппа аз 11 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳр гузаронидани машқҳои мукаммалро оғоз намудааст, ки он то 13 феврал идома меёбад. Мавзӯи машқро «Амали ҳайти роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла тоза кардани каналу ҷӯйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳо ба тариқи ташкил намудани ҳашари дастаҷаъмӣ» ташкил медиҳад. Таҷриба нишон дод, дар мавсими гармо дар вақти оббозии сокинон дар ҷӯйҳои ҳудуди шаҳр ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш партовҳои калонҳаҷми дохили ҷӯйборҳо ба ҷараёни гузаронидани амалиёти наҷотдиҳӣ халал мерасонанд.
Иштирокдорон бо ҳисси ватандӯстӣ дар тоза кардани каналу ҷӯйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳо ба тариқи ҳашари дастаҷаъмӣ саҳм гузоштанд.