Қурғонтеппа: Вохӯрӣ дар қисмҳои низомии 07256 ва 3503
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа дар арафаи таҷлили ҷашни 23 солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар қисмҳои низомии 07256 ва 3503 чорабинӣ баргузор намуд.
Ба чорабинӣ чор нафар модароне даъват шуда буданд, ки дар як мавсим ду нафарӣ фарзандонашон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат доранд. Модарон ба афсарон ва сарбозон дуои неки модарона дода, онҳоро барои муҳофизати Ватан- модар ҳидоят намуданд. Ҳамзамон ба ин модарон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр дода шуданд. Илова бар ин бахши фарҳанги шаҳри Қурғонтеппа бо барномаи консертӣ хотири сарбозонро шод намуд.