Қурғонтеппа: Вохӯрӣ дар «Кохи Ватан»

Февраль 22, 2016 09:50

Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии сокинони шаҳр бо ҳайати Гурӯҳи корӣ — намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм ва З., Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Баромадкунандагон ба ҳозирин муҳтавои Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ва тағйироту иловаҳоро ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузории райъпурсӣ 22 майи соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, шарҳу эзоҳ дода, ҳамчунин ҷавононро ба илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили русиву англисӣ, омӯзиши амиқи технологияи муосир, мусаллаҳ будан бо илму дониши замонавӣ, ихтироъкорӣ ва дар маҷмӯъ ҳиссагузорӣ дар ободониву пешрафти мамлакат даъват намуданд. -Бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геопалитикии он, дар рафти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулиятро талаб менамоянд,- таъкид намуданд ҳайати корӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ.

Февраль 22, 2016 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»