«Ватанро дӯст дорам бештар аз ҳарвақта!»

Февраль 22, 2016 16:54

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ Ховар).- Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар доираи иқдоми «Ватанро дӯст дорам бештар аз ҳарвақта» бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми низомии 14356 Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Ба чорабинӣ зиёда аз 700 узви ТҶҶ Созандагони Ватан, хонандагони синни калони мактабӣ аз минтақаҳои ноҳия ҷалб шуданд.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳия Б. Ғафуров мақсади гузаронида чорабиниро дар баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ғурури миллӣ, хештаншиносӣ ва ҳарчи бештар зиёд намудани ихтиёриён ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ арзёбӣ намуд.
Иштирокчиёни иқдом дар ин рӯз имконият пайдо намуданд, ки бо яроқу аслиҳа, машқҳои низомии афсарону сарбозон, шароити зисту истироҳат аз наздик шинос шаванд.

Февраль 22, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»