Вохӯрии гурӯҳи «Пешоҳанг» бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ
Рашт, 06.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг», Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт, созмони «Созандагони Ватан» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир гардид.
Иштирокдорони вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сухан гуфтанд.