Вохӯрии гурӯҳи «Пешоҳанг» бо хонандагон
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 16 феврал дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 37, 7, 16, 84 ва 76-и пойтахт гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯхтани илму дониш, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯриҳо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» мактаббачагонро ба ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дӯстию рафоқат даъват намуда, зикр намуданд, ки ин ҳама ободию осоиштагӣ ва пешравию тараққиёт маҳз бо саъю кӯшиши Пешвои миллати тоҷикон ба даст омада, насли наврас бояд бо омӯхтани илму маърифат дар рушду инкишофи минбаъдаи Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, шурӯъ аз 16 феврал тӯли 10 рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо мактаббачагон чунин вохӯриҳо гузаронида мешаванд.








Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов






