НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Ёддоштҳо»-и донишманд Саймумин Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли дониш гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам порчаҳо аз он ҷой дода мешаванд, ки хеле ҷолиб аст.
Аз ҷумла, қиссаи вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимӣ, паҳлавони номдори ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон бо истеъдоди хоссаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле содаву зебо, тасвирҳои аҷоиб ва мақсади хеле наҷиб.
Ду марди ҷавону тануманду паҳлавон, ду номбардори миллат — Девлохи Рӯшонӣ ва Сафари Кӯлобӣ пас аз рақобати байниҳамдигарӣ ва муноқишаҳои ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузашта ба хотири сулҳу амонии дигарон дасти дӯстӣ ба ҳам медиҳанд, ки аз мардонагии онҳо шаҳодат медиҳад. Муаллиф инро чунин нигоштааст: «Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад».
Ана ҳамин навиштаи муаллиф хеле асосӣ аст. Мақсад аз овардани ин воқеаи ҳаётӣ талқини гузашт кардан, бахшида тавонистан аст, ки муаллиф онро хеле олиҷанобона ба қалам додааст. Зеро дар хуни мардуми тоҷик мафҳуми “бахшидан” бо шир андарун шудааст. Бахшидан ойини ҷавонмардиест, ки на ҳар кас метавонад рақиби худро бахшад. Бахшиш роҳи асосии ҳалли муноқишаву низоъ аст. Ҳамин аст нишонаи мардонагию ҷавонмардӣ.
Мамадалӣ БАХТИЁРОВ,
сокини ноҳияи Рӯшон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






