Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ

Февраль 17, 2016 08:25

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 16 феврали соли 2016 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, ки баъд аз шурӯи вазифа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар доираи СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақаи созмон, хусусан муқобилият бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ табодули назар карда шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тасдиқ намуданд, ки ҳамасола заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бар зидди қувваҳои “се таҳдид” такмил меёбанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар таъмини самаранокии ин раванд нақши муҳимро мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мебозанд.

Февраль 17, 2016 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд