МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад

Февраль 15, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гастрит яке аз бемориҳои меъда мебошад, ки бо фаро расидани фасли баҳор авҷ мегирад. Ин беморӣ аз таъсири хӯроки барзиёду бадҳазм, тезу тунд, ҷӯш ё хунук, ғизои бадсифат ва нӯшокиҳои спиртӣ авҷ мегирад. Чунин иброз намуданд мутахассисони соҳаи тиб.

Гастрит яке аз бемориҳоест, ки бештар бар асари асабонияти шадид низ сар мезанад. Нӯшокиҳои газдор ва хунук, ки аксаран ҷавонон менӯшанд, боиси хурӯҷ кардани беморӣ мегардад.

Ба таъкиди мутахассисон, агар шумо аз дарди  меъда азоб мекашед, бо фарорасии фасли баҳор мустаҳкам намудани иммунитети худро бо ғизо ва дар ҳолати зарурӣ бо моддаҳои иловагӣ танзим намоед. Танзими одатҳои хӯрокхӯрӣ- ин яъне дарозтар ва оҳиста хоидани хӯрок, наҳориро аз таомҳои серғизо ва хӯроки шомро аз хӯроки сабуктар интихоб намудан аст.

Омили пешгирии бемории гастрит дар фасли баҳор истеъмоли сабзавот ва меваҳои тару тоза мебошад. Бояд як муддат хӯрокҳои бирёншуда ва сахт истеъмол накунед. Зеро ҳазми хӯрокҳои равғанин тӯлонӣ буда, дар меъда муддате боқӣ мемонанд. Азбаски хӯрокҳои равғанӣ дар меъда ба муддати дароз боқӣ мемонанд, мушкилоти меъдаро низ зиёд менамоянд. Инчунин хӯрокҳо дорои хосияти туршӣ буда, барои инсони гирифтори бемории меъда мушкилӣ ба вуҷуд меоранд.

Табибон таъкид намуданд, ки гастрит он вақт рух медиҳад, ки кислотаи меъда аз ҳад зиёд истеҳсол карда мешавад ё қабати муҳофизатии девори меъда зарар мебинад. Ин беморӣ ду шакл дорад: гастрити шадид ва музмин. Агар он ногаҳон рух диҳад, онро шадид меноманд, агар давоми муддати тӯлонӣ инкишоф ёбад, онро гастрити музмин меноманд. Нишонаи гастрити шадид дарди шадиди меъда, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мебошад. Гастрити музмин одатан ягон нишона надорад ё танҳо нишонаҳои сабук, ба монанди нороҳатии болои шикам, меъда ва ҳисси серӣ пас аз хӯрокро нишон медиҳад.

Барои муайян намудани ин беморӣ ташхиси эндоскопӣ зарур аст. Эндоскопия–ин ворид намудани дастгоҳи найчашакл бо камераи сабук тавассути даҳон ба меъда мебошад. Барои муайян намудани илтиҳоб ва барангезандаҳо дар организм санҷиши хун гузаронидан мумкин аст.

Табибон тавсия медиҳанд, ки агар инсон гирифтори бемории гастрит бошад, бояд ҳар чизе, ки қабати меъдаро вайрон менамоянд, ба монанди нӯшидани қаҳва, машрубот ва тамокукаширо тарк намуда, хӯрокҳои сабуки ба осонӣ ҳазмшаванда истеъмол кунад. Инчунин яке аз роҳҳои дур шудан ва бартараф намудани дарди меъда ва авҷгирии он дар муҳити ором қарор гирифтани одам мебошад.  Парҳез қисми муҳими табобати гастрит мебошад. Барои гастрит меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти дорои нахи баланд, аз қабили себ, ҷав, карами сабз, сабзӣ ва лӯбиё, хӯрокҳои камравған, ба монанди моҳӣ, мурғ ва синаи мурғ фоидаовар мебошанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид