Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд

Февраль 15, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 6 миллиону 400 ҳазор амалиёти ғайринақдии пардохти андоз ва боҷҳо тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.

Нусратулло Давлатзода таъкид намуд, ки тайи солҳои охир номгӯйи модулҳои барномавии системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз васеъ карда шуд. Тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки ташкили чунин хизматрасониҳо барои содаю созгор намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 62 ҳазор зиёд карда шудааст. Дар айни замон, беш аз 252 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломия ва ҳисоботи худро тариқи электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд, ки 98  фоизи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст