Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ» машварат доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қудбуддин Муқимов иброз дошт, ки яке аз масъалаи асосие, ки имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, рақамикунонии тамоми соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз гардид, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Дар донишгоҳ дар нақшаҳои машваратҳои илмӣ, аз қабили машварат, мизи мудаввар, зермаҳфили «Зеҳн» ва конференсияҳои сатҳҳои гуногун мавзуъҳое ҷойгир карда шудаанд, ки ба самти иқтисоди рақамӣ равона гардидаанд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ исбот намуд, ки рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини бехатарӣ нақши муҳим мебозад.
Истифодаи ин таҷриба барои расидан ба ҳадафҳои пешбининамудаи соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бинобар ин, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт таъсис дода шуд, ки мақсади асосии он ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасонӣ, коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ, саҳеҳ ва шаффоф ҷамъоварӣ намудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






