Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Мӯъминобод
Мӯъминобод, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳияи Мӯъминобод корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, то таҷлили ҷашн 15 иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Ба қавли сармеъмори ноҳия Абдуҷаббор Одинаев ҳоло сохтмони қасри фарҳанг ба маблағи 9,5 миллион сомонӣ, бинои «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 3 миллион сомонӣ, варзишгоҳ ба маблағи 15 миллион сомонӣ ба итмом расида, сохтмони мактаб барои 640 хонанда, меҳмонхона барои 32 ҷой, коргоҳи дӯзандагӣ ва 3 маркази савдо дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Ҳоло беш аз 200 бинокор бо ҷои кор таъмин шуда, ба корҳои сохтмонӣ сафарбар шудаанд.