Занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба омӯзиши ҳунарҳои миллии тоҷикон , аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ ва чакандӯзӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Бино ба гуфтаи мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Шуҳрат Набиев, занон ва духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бо ташаббуси соҳибкорзан Биҳомида Абдуллоева дар шаҳраки Пролетар коргоҳи дӯзандагӣ, ки дар он рӯйпӯши бистар тайёр карда мешавад, ба истифода дода шуд, ки дар он 20 нафар занону духтарон ҳунарҳои дастии миллиро аз худ намуда, дар оянда фаъолият менамоянд.
Инчунин дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Маркази рушди бонувон «Зебо» фаъолият мекунад, ки дар он занон касбҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва чакандӯзиро аз бар мекунанд. Ҳоло дар ин марказ 50 зану духтари деҳот ин касбҳоро аз бар намуда, бо кори доимӣ таъмин гаштаанд.