20 ҳазор кӯчати гули лола барои ороиш ба Хоруғ бурда мешавад

Март 11, 2016 12:01

Хоруғ,11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба пешвози ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мегардад, дар шаҳри Хоруғ 900 дарахти ҳамешасабз ва 380 дарахти ороишӣ шинонда мешаванд. Дар гармхонаҳои маркази вилоят барои ороиши шаҳр 12 намуди гул парвариш ёфта, кӯчати онҳо дар 9 хиёбони шаҳри Хоруғ шинонда мешавад.
Ба пешвози Наврӯзи ҷаҳонӣ 20 ҳазор кӯчати гули лола барои ороиши маркази вилоят аз шаҳри Душанбе оварда мешавад. Сардори идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ Тоҳир Абдолбеков зикр намуд, ки то таҷлили Ваҳдати миллӣ 2400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард таъмир ва сангфарш гардида, чор маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чароғон мегарданд.

Март 11, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»