Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ду рӯз аст, ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии мамлакат дар қаламрави кишвар ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон идома дорад. Дар ҷараёни он маърифати молиявии кӯдакон, ҷавонон ва муштариён баланд бардошта мешавад.
Мақсади ҳафтаи молиявӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва муштариён мебошад. Дар ин давра бо роҳи корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва бозиҳои гуногуни иқтисодӣ ба онҳо тарзи дурусти истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ нишон дода мешавад.
Бо иқдоми ташкилоти Child and Youth Finance International ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week дар тамоми дунё аз 14 то 20 март ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо барои ба роҳ мондани ояндаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






