Ҳалокати ронанда бар асари садама
Душанбе, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 25-уми март тахминан соати 12:10 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини 25-солаи ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 257-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Ғончӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.