Ҷашнгирии Наврӯзи ҷавонони Хатлон дар Шаҳритуз

Март 30, 2016 12:09

Қурғонтеппа, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар) Наврӯзи ҷавонони Хатлон чун анъана ҳамасола бо ҷалби ҷавонон аз навоҳии вилоят дастаҷамъона таҷлил мегардад. Тавре ки сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳруз Бобоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Наврӯзи имсола бо ҷалби 150 ҷавон ва намояндагони васоити ахбори оммаи мамлакат дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид. Дар чорабинӣ инчунин Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар доираи чорабинии наврӯзӣ меҳмонон аз намоишгоҳи наврӯзии ҷавонони ноҳия дидан намуданд ва дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар «Боғи дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритуз» иштирок карданд. Ҳамзамон дар доираи ин маъракаи ҷавонон дар ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ инчунин аз мавзеъҳои таърихии «Чилучорчашма», Хоҷамашҳад ва Хоҷадурбод дидан намуданд. Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ба маъюбон кумаки молиявӣ расонд.
Бояд зикр кард, ки соли 2015 ҷавонони Хатлон иди байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷашн гирифта буданд.

Март 30, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд