Ба ҶДММ ТАҚХ «Алиф-сармоя» иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон мутобиқи моддаҳои 14 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилоти маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, амалиёти хазинавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ дода шуд.
Дар робита ба қарори мазкур дар Феҳристи ташкилоти маблағгузории хурд ва маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилоти қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдор дохил карда мешавад.
Бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” барои барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ «Ҳамроз-Тус» розигӣ дода шуда, шаҳодатномаи фонд бозхонд карда мешавад.
Мақомоти ваколатдори ФҚХ «Ҳамроз-Тус» вазифадор шудаанд, ки ҳамчун шахси манфиатдор оид ба барҳамдиҳии фонди мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






