Баргузории фестивал-озмуни «Суманак» дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ фестивал- озмуни «Суманак» ва дастархони ҳафтшину ҳафтсин бо иштироки зиёда аз ҳафт ҳазор нафар доир шуд. Ин чорабинии фарҳангӣ бо иқдоми бевоситаи раиси ноҳия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни баргузории он зиёда аз 40 деги суманак ва дастархонҳои зебои ҳафтшину ҳафтсин, ки ин яке аз нишонаҳои хоси ҷашни Наврўз аст, аз ҷониби ҷамоатҳои ноҳия ба маъраз гузошта шуд. Дар фестивал- озмуни фарҳангӣ, ки дар сатҳи баланд гузаронида шуд, меҳмонони дохилу хориҷи кишвар ва доираи васеи мардум ширкат варзида, ба амалӣ гардидани ин иқдом баҳои балнд доданд.
Тавре ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ изҳор доштанд, мақсади чорабинии мазкур дубора эҳё намудани суннатҳои хоси ҷашни Наврӯз ва анъанаҳои неки мардумӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак соли 7-ум аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.