Баргузории озмуни “Бозиҳои миллӣ” дар Хуҷанд
Хуҷанд, 15.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дирӯз дар маҷмаи фарҳангӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз байни муҳассилини мактабҳои вилояти Суғд озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти махаллии шахри Хуҷанд иттилоъ доданд, мақсади чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон ва тарбия намудани хонандагону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси ниёгон аст.
Дар озмун намояндагон аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуда, аз рӯи 8 намуди бозиҳои миллӣ, чун «Лалакпарронӣ», «Бодбаракпарронӣ», «Чиллакбозӣ», «Арғамчинбозӣ», «Лакпар» ва «Ҳаппак» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Теъдоди умумии иштирокдорон бештар 2 ҳазор нафарро ташкил дода, дар ҳар як намуди озмун ба ҳисоби миёна 150 нафарӣ номнавис гардида, иштирокдорони аз ҳама бештарин дар намуди «Лалакпарронӣ» буданд, ки наздик ба 400 нафар мерасид.
Дар анҷоми мусобиқот ғолибон бо туҳфаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.