Барномаҳои фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Кувайт -омили рушди муносибатҳо
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар доираи гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толорҳои Аҳмад-ал-Адвоний ва Ал-Фунун намоишгоҳи мусаввараҳо ва рассомони тоҷик баргузор гардид. Дар ин ду толори барҳаво расмҳо доир ба дастовардҳо ва симои Тоҷикистон тӯли 25 соли истиқлол ва мусаввараҳо доир ба ҷалби сармоя ва рушди сайёҳӣ буданд. Иштирокдорон аз ҷараёни намоишгоҳ изҳори хурсандӣ намуда, баргузор кардани онро яке аз муҳимтарин васила барои боз ҳам ошно сохтани мардуми Кувайт бо фарҳанги пурғановати тоҷик донистанд.
Ҳадафи асосии барнома ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, зимнан нақши устувор бар рушди ҳамкории дуҷониба мебошад. Яке аз сабабҳои ҷалби таваҷҷуҳи мардуми Кувайт ба барномаҳои фарҳангии тоҷикон- ин ғанӣ будани фарҳанги тоҷикон мебошад.
Ва яке аз далелҳои мазкур он аст, ки баъд аз ҳунарнамоии пианинонавоз-Ҷаннати хурдсол ба унвони сафорати Тоҷикистон дар Кувайт дар давоми 1 рӯз садҳо СМС ва назарҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ расиданд, ки талаби бо ӯ шинос шудан, соядаст гирифтан аз Ҷаннат ва бо ӯ сурати хотиравӣ гирифтан доштанд. Дар ин ҳангом бо хоҳиши зиёди мардум ва мухлисони фарҳанг дар яке аз толорҳои боҳашамати «Шератон» барномаи пианинонавози тоҷик Ҷаннат Ҳусайнзода баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 нафар сокини ин давлат иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки тӯли як ҳафтае, ки барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт баргузор гардиданд, дар онҳо намояндаҳои беш аз 100 сафорат ва корпусҳои дипломатии муқими ин кишвар ишттирок намуданд ва бо фарҳанги мо, бахусус оини наврӯзии тоҷикон ошно гардиданд.








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






