Баррасии рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея
Душанбе, 31.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кореяро бо роҳбарии мудири кулли масъалаҳои аврупоӣ Пак Чол-мин, ки дар шаҳри Душанбе барои иштирок дар машваратҳои сиёсӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва фароянди иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ҳосил шуданд, баланд арзёбӣ намуданд.
Роҳҳо ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар бобати тавсеа ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Корея дар арсаҳои мухталиф ва ҷавобгӯи манофеи тарафайн баррасӣ шуданд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






