Боздошти ронанда ҳангоми фирор аз пардохти боҷи гумрукӣ барои «Амафос»
Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти боркаши тамғаи «Долун»-ро боздоштанд, ки соҳибаш мехост аз пардохти боҷи гумрукӣ ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ сарпечӣ кунад.
9 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук дар ҳудуди шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Долун», рақами қайди давлатиаш 2112 АЕ 01 боздошт шудааст. «Долун» таҳти идораи ронанда Холов Муминҷон Баладҷонович, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе қарор доштааст.
Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян гардидааст, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёт ба миқдори 300 халта бо вазни умумии 15000 килограмм маҳсулоти нурии минералии навъи «Амофос» мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин маълум гардид, ки моли мазкур бидуни барасмиятдарории гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук моли мазкур ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, ба хазинаи давлат 13 ҳазору 248 сомониро пардохт гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






