Боздошти шаҳрвандони Чин дар бозори Мурғоб
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Мурғоб, ки таҳти унвони «Хориҷиён» дар бозори марказии ноҳия гузаронида шуд, чор шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин боздошт гардид. Хориҷиён барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қисми аввали моддаи 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуданд.
Нисбат ба онҳо санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд фиристода шуд.
Бо қарори суди ноҳия шаҳрвандони чинӣ ба маблағи 2400 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






