Бозии ниҳоят муҳими “Истиқлол” ва “Хуҷанд”
Душанбе, 4.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз соати 16 дар майдони асосии варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯрии дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”дар гурӯҳи “А”-и мусобиқот барои Ҷоми ФФТ баргузор мешавад. Муҳимияти ин вохӯрӣ аз он хотир аст, ки “Истиқлол” дар пешорӯи бозии дуввуми худ дар рақобатҳои Ҷоми КФО бо тими “Тараблус”(Триполӣ)-и Лубнон(8-март) ҳамаи бозингарони худро аз назар мегузаронад ва дар баробари “Хуҷанд”, ки барандаи медалҳои нуқраи мавсими соли гузашта ва иштирокдори бозиҳои Ҷоми КФО буд, дар рақобати арзишманд кабудиҳои худро хоҳад дид.
Дӯстдорони футбол метавонанд ин бозиро тавассути Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш”, ки рӯзи 1 март Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ кард, тамошо кунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






