Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи матбуот бо ташаббуси ВКД

Март 14, 2016 08:56

Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 12 март бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар машқгоҳи таълимии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла аз телевизиони Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», шабакаи телевизионии «Мир», хабаргузориҳои «РИА Новости», «Азия-Плюс», «Омӯзгор», «Озодагон», «СССР», «Фараж», Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дигар рӯзноманигорони бахшҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.
Хабарнигорон таҳти роҳбаладии роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ аз синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи сарбозон, нуқтаи тиббӣ, ошхонаи тобистонаву зимистона, майдончаҳои варзишӣ, нуқтаи идоракунии амалиёт дидан намуда, бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.
Барои болидарӯҳӣ ва хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ мусобиқаи варзишӣ, аз намуди шоҳмоту шашка ва домино доир шуд.
Баъдан дар чорабинии мазкур бахшида ба рӯзи матбуот, озмуни ҳозирҷавобон гузаронида шуда, вобаста ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саволу ҷавоб баргузор гардид, ки намояндагони ВАО дар он иштироки фаъолона намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳо туҳфаҳо аз номи вазири корҳои дохилӣ супорида шуданд.

Март 14, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад