Дарҳои кушода ба сўи илму маърифат
Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — 12 март дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омўзгорони донишкада фаъолона иштирок намуданд. Хонандагон аз макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, коллеҷҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф ба донишкада омаданд.
Бо хонандагон дар синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, толорҳои варзишию лексионӣ, китобхонаи электронӣ вохӯриҳо ташкил шуда, оид ба имкониятҳои донишкада, ихтисосҳое, ки аз рўи онҳо дар донишкада мутахассисон тайёр мешаванд, заминаи моддию техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таълим суҳбат ороста шуд. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба ихтисосу тахассусҳои донишкада таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






