Дарвоз: Таҷлили Иди Наврӯз дар Маркази бонувон

Март 17, 2016 09:44

Хоруғ, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Занону духтарони Маркази бонувони ноҳияи Дарвоз бо аҳли оилаашон ҷашни бостонии Наврӯзро бо тамоми расму суннатҳои хоси ин ноҳия истиқбол гирифтанд. Рохбари ин марказ Маърифат Неъматова гуфт, ки ҳар минтақаи кишвар хусусиятҳои хоси наврӯзии худро дошта, баъзеи он ҳифз шудаву баъзеи дигар дар ҳоли кашфу дуввумбора ба иҷро гузоштананд. Як қисми расму суннатҳо ба шумули либосу таом, таронаву рақсҳо ба таҳриру такмил ниёз доранд, зеро зиндагӣ мисли обҳои мусаффои кӯҳсорон ҳамеша дар ҳаракат аст.
Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи либосҳои миллӣ мутобиқ ба замони муосир аз унсурҳои аврупоӣ истифода шудааст, ки ин писанди хотири ҷавонон аст. Ҳамчунин сайёҳон низ ин навъи либосҳоро зуд харид мекунанд.
Зимни базми наврузӣ бештар аз 30 намуди либосҳои миллӣ-аз либосҳои кӯдакона то барои калонсолон ба намоиш гузошта шуд. Дар саҳни марказ намоиши таомҳои миллӣ низ баргузор шуд.
Бинои Маркази бонувон бо тарҳи хеле ҷолибу зебо дар соҳили рӯдхонаи Панҷ се сол қабл бо дастури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло дар ин ҷо наздики 80 нафар духтарону бонувон машғули кор мебошанд.

Март 17, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»